Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Натиҷагирии фаъолияти солонаи нозирони минтақавии милитсияи пойтахт

474

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои ба Паёми навбатии хеш баённамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба самъи нозирони минтақавии милитсияи пойтахт расонидани ҳадафҳои асосии Паём дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ таҳти роҳбарии сардори Раёсат генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон баргузор гардид.

475

Дар машварати оперативӣ-хизматӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии хадамотҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятии милитсияи шаҳри Душанбе иштирок намуданд, ки дар асоси масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа фаъолияти солонаи нозирони минтақавии милитсияи пойтахт натиҷагирӣ карда шуд.
Дар асоси масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа сардори мақомоти милитсияи пойтахт суханронӣ намуда, дастуру супоришҳои ба Паём оид ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ баённамудаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи нозирони минтақавии милитсияи пойтахт расонида, аз ҳар як нозири минтақавӣ талаб карда шуд, ки ҷиҳати таъмини амният ва оромии сокинону меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ дар доираи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 тамоми саъю талоши худро равона намуда, тадбирҳои мушаххас андешанд.

Сипас дар идомаи ҷаласаи мазкур фаъолияти ҳар як шуъбачаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе вобаста ба самтҳо ва уҳдадориҳои хизматӣ, иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва қарору протоколҳои ҷаласаҳои оперативӣ-хизматии назди Вазири корҳои дохилӣ, инчунин вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баррасӣ ва натиҷагирӣ карда шуд. 

476

Сардори мақомоти милитсияи пойтахт зимни баррасӣ ва таҳлили фаъолияти солонаи нозирони минтақавии милитсия аз натиҷаи фаъолияти ин ниҳод изҳори қаноатмандӣ намуд. Мавсуф таъкид бар он дошт, ки нозирони минтақавиро мебояд ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон пайваста дар омӯзиш бошанд. Маҳз он нозири минтақавие метавонад тартиботи ҷамъиятиро дар минтақаи хизматияш таъмин намояд, ки дар баробари донишу малакаи баланди хизматӣ доштан, ҳамзамон ҳамкории густардаеро бо аҳолӣ ба роҳ монад - таъкид намуд генерал-майори милитсия Шариф Назарзода.
Дар машварати оперативӣ-хизматии мазкур, ҳар як сардори Шуъбачаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе баромад намуда, аз фаъолият ва натиҷаҳои хизматии худ, ҷиҳати пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок ҳисобот доданд.
Чуноне дар машварати оперативӣ-хизматии мазкур иброз гардид, масъулияти нозири минтақавӣ танҳо ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ маҳдуд набуда, ба баррасии саривақтии арзу шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон ва хабар додан аз натиҷаи баррасии он, тозаву озода нигоҳ доштани минтақаи хизматӣ, бартараф намудани ҳолатҳои вайроннамоии муҳити экологӣ, пайваста бо мардум дар ҳамкории зич қарор доштан, дар тарғиби арзишҳо ва анъанаву суннатҳои миллӣ саҳмгузор будан ва баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиву ташвиқотӣ дар доираи иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти №63 аз 30 январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” ва иҷроиши ҳатмии талаботи амалиёти профилактикии “Одоби шаҳрнишинӣ” равона карда шудааст.

477

Дар фарҷоми ҷаласа ҷиҳати боз ҳам ба натиҷаҳои баланди хизматӣ ноил гардидан аз ҳар як корманди милитсия, махсусан нозирони минтақавӣ, ки симои милитсия маҳсуб меёбанд, тақозо карда шуд, то дар иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ монад.
Ҷаласаи мазкур бо вазифагузорӣ барои соли 2019 ҷамъбаст гардид.
Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика