Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешгирии оворагардии ноболиғон аз ҷониби кормандони милитсия

666

Бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва оворагардию шабгардии ноболиғону ҷавонон дар ҳудуди пойтахт, кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста рейду санҷиш ва сӯҳбату корҳои профилактикӣ доир менамоянд.

Аз ҷумла, шабонарӯзи гузашта, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои аз ҷониби наврасон машғул шудан ба талбандагиву оворагардӣ, дуд додани испанд, шустани нақлиёт дар ҷойҳои муқаррарнашуда, кашидани бор дар бозорҳо ва ҷамъоварии маблағ дар нақлиёти мусофирбар, инчунин дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ, дискоклубҳо, интернет-кафеҳо, марказҳои компютерӣ, толорҳои букмекерӣ ва тарабхонаҳо рафтани ноболиғону ҷавонон рейду санҷишҳо гузаронида шуд.
Дар натиҷаи чорабиниҳои мақсадноки пешгирикунанда, ки аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди пойтахт гузаронида мешавад шабонарӯзи гузашта низ аз марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо 25-нафар, аз ҷумла 15-нафар ноболиғон ва 10-нафар ҷавонон, ки ба бозиҳои зараровари компютерӣ ва беҳудагардӣ машғул буданд, ба Шуъбаҳои милитсия дастрас гардиданд, ки аз онҳо 12-нафар барои машғул шудан ба бозиҳои комютерӣ мебошад.
Дар рафти баргузории санҷиши мазкур он ноболиғону ҷавононе, ки дар торикии шаб беназорат машғули ҳар гуна амалҳои номатлуб буданд, падару модари онҳо ба мақомоти милитсия даъват шуда, нисбати онҳо тибқи талаботи моддаи 90-и Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шуданд.
Бори дигар таъкид кардан ба маврид аст, ки волидайн ва он нафароне, ки дар таълиму тарбияи ҷавонон масъуланд, фарзандони худро нагузоранд то вақти пурқиммати худро сарфи амалу кирдори номатлуб кунанд, зеро маҳз ҷавонони бо илму маърифат метавонанд, дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.
Шукуров Сироҷиддин




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика