Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии ҳолатҳои қаллобӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, аввалҳои соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 52 ҳазору 740-сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин оид ба ҳолати қаллобӣ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 38-солаи сокини кӯчаи Туниси пойтахт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2016 ҳангоми дар назди маркази савдои “Саодат” қарор доштанаш, марди 42-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 23000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ин ҳодисаҳо мавриди тафтиш қарор доранд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика