Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тадбирҳои зиддисӯхторӣ дар давраи тирамоҳу зимистон пурзӯр карда мешаванд

163

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» тибқи талаботи роҳбарияти ВКД ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ба таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар тамоми вазорату кумитаҳо ва муассисаву иншооти шакли моликияташон гуногун, бахусус муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, диққати махсус зоҳир намуда, бо мақсади роҳ надодан ба ҳодисаҳои сӯхтор дар онҳо, тамоми тадбиру чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Дар доираи чунин чорабиниҳои мақсадноки зиддисӯхторӣ кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ дар Муассисаи давлатии «Литсейи махсуси маъюбон», воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор ва омодабошӣ ба давраи тирамоҳу зимистонро мавриди санҷиш қарор дода, барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани кор дар ин самт ба роҳбарияту масъулони онҳо ёрии методию амалӣ расониданд. Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи мутасаддиёну омӯзгорон ва муҳасилин, дар пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва бартарафсозии оқибаҳои нохуши он, ҷамъомад доир намуда, ба ҳозирин дастуру тавсияҳои мусоид доданд.

162

Ҳамингуна чорабиниҳои муҳими зиддисӯхторӣ дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб ва Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода» низ, ки дар онҳо айни замон 260 нафар бошандагон ба табобат фаро гирифта шуда ва 180 нафар пиронсолону маъюбон нигоҳубин карда мешаванд, ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар интиҳои чорабиниҳои зиддисӯхторӣ аз тарафи роҳбарони муассисаҳои мазкур ба роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СХДО ВКД, барои дар чунин сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботу ташвиқоти талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, изҳори миннатдории самимӣ карда шуд.
Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика