Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳои профилактикӣ дар байни ҷавонону ноболиғон дар шаҳри Бохтар

314

Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон дар вилояти Хатлон дар самти пешгирии омилҳои номатлуб миёни ҷавонон ва насли наврас, аз қабили оворагардии ноболиғон, пешгирии ҳуқуқвайронкунҳо ва ҷинояткориҳо дар байни ноболиғону ҷавонон ва таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пайваста тадбирҳои судманд меандешанд.
Мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи РВКД дар вилояти Хатлон дар ҳудуди шаҳри Бохтар чорабинии профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ аз ҳисоби кормандони дастгоҳи марказии Раёсат ва ШВКД дар шаҳри Бохтар гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, чорабиниҳои мақсаднок гузаронида шуданд.
Чорабиниҳои мақсаднок дар марказҳои дилхушӣ, бозиҳои компютерӣ ва букмекерӣ, бозорҳо, масҷидҳо ва кӯчаю маҳаллаҳо доир ба муайян намудани ноболиғоне, ки ба оворагардӣ, талбандагӣ, тамошои филмҳои зиддиахлоқӣ ва бозиҳои зӯроварӣ машғул мебошанд, доир гардид.
Дар рафти чорабиниҳо ҳолатҳои зиёди ба корҳои беҳуда машғул будан ва шабона дур аз оила қарор доштани ноболиғону ҷавонон ва як гурӯҳ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муайяну ошкор карда шуданд.

315316

Дар ҳузури волидон ва омӯзгорони мактабҳояшон бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбат ба падару модарони онҳо санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Офоқ Қодириён




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика