Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо фаъолияти Полиси Вашингтон

653

Рӯзи 12-уми октябри соли 2018 дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти Полиси пойтахт, яъне Полиси Метрополитени Вашингтон (Metropolitan Police Washington) шинос шуда, бо роҳбари он вохӯрӣ намуданд. 

Дар ҷараёни вохӯрӣ роҳбари он аз фаъолияти Полиси пойтахт ба ҳайати гурӯҳи кории ВКД Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, ҳамчунин дар бораи мубориза бо терроризм, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар вақти чорабиниҳои ҷашнӣ, гирдиҳамоиҳо, роҳбаладии меҳмонони олиқадр ва кори Полиси БДА табодули афкор сурат гирифт.
Дар ҷараёни боздид гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин аз кори камераҳои мушоҳидавии Вашингтон, нақш ва фаъолияти ин камераҳо дар тартиботи ҷамъиятӣ ва қоидаи ҳаракати роҳ аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Дигар мутасаддиён низ оид ба вазъиятҳои фавқулода дар Вашингтон ба ҳозирин гузориш доданд.

654

Мавриди қайд аст, ки гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳайати зерин: сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД генерал-майори милитсия Рамазонзода Суҳроб Кароматулло, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳод Алиёр, сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД полковники милитсия Боймаҳмадзода Музаффар, сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Юнус Бобозода Назар ва муовини роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Салимбойзода Довар Салимбой иборат мебошанд.

655

Айни замон, сафари хизматии гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА идома дорад.
Гул Маҳбуба




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика