Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 20-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, муроҷиат намудааст, ки санаи 11-уми октябри соли равон, тахминан соати 10:30-дақиқа, ҳангоми дар бозори “Корвон” қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҷайбаш 5000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Кормандони милитсия зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавондухтари 18-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>