Аз рӯзҳои 6-ум то 10-уми октябри соли 2018 дар шаҳри Орландаи Иёлоти Флоридаи Штатҳои Муттаҳидаи Америка Конференсияи байналмилалии ҳарсолаи Сардорони политсия баргузор гардида истодааст, ки ин конференсияи 125-умин буда, аз соли 1893 инҷониб ҳар сол доир карда мешавад.
Дар конференсияи мазкур зиёда аз 15 000 иштирокчӣ аз тамоми ҷаҳон ширкат меварзанд.
Ҳамзамон дар баробари баргузории конференсия Намоиши таҷҳизотҳои политсия барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва техникаи навтарин оид ба муайян ва тафтиши ҷиноятҳо доир карда шуд.
Дар конференсияи мазкур аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД генерал-майори милитсия Рамазонзода Суҳроб Кароматулло, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳод Алиёр, сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД полковники милитсия Боймаҳмадзода Музаффар, сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Юнус Бобозода Назар ва муовини роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Салимбойзода Довар Салимбой ширкат варзиданд.
Мавриди қайд аст, ки Конференсияи байналмилалии ҳарсолаи Сардорони политсия ҷиҳати васеъ гардидани имкониятҳо ва робитаи зичи касбӣ бо ҳамкорон дар тамоми гӯшаю канори олам мусоидат менамояд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз он ҷумла политсия ба рушду тараққӣ ёфтани технологияи муосир таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, кӯшиш менамояд, ки аз пешравию навгониҳои техникӣ ақиб намонанд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>