Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар шаҳру навоҳии кишвар

6-уми октябри соли 2018, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Саидов Назаралӣ Абдуразоқович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ, Назаров Комрон Исмоилович, соли таваллудаш 2004, сокини ҷамоати деҳоти зикргардидаро пахш намудааст.

Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, дар ин рӯз тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Назаров Нуралӣ Раҷабович, соли таваллудаш 1966, сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Айнӣ-Панҷакент”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Мухторов Мухтор Муҳаммадҷонович, соли таваллудаш 2008, сокини ҷамоати деҳоти Шинги ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Бо рух додани чунин садамаи нохуши нақлиётӣ, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми аз тарафи худи ронанда ба беморхона дастрас кардан дар роҳ, ба ҳалокат расидааст.
Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 21:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Элантра”, рақами транзитиаш В 15-00 Н/07, Муродов Абдуғаффор Наврӯзович, соли таваллудаш 1994, сокини ш.Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Чаноқ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-312Д”, таҳти идораи ронанда Қаюмов Қобилҷон Абдуқаюмович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Элантра” ва мусофираш Мусоев Тоҷиддин Муҳиддинович, соли таваллудаш 1980, сокини пойтахт, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигари автомашинаи мазкур: Нозимов Шукрулло Нуралиевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, Сафаров Аброрхӯҷа Имронхӯҷаевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ҳисор ва хурдсол, Мусоев Мустафо Тоҷиддинович, соли таваллудаш 2012, сокини пойтахт, ҳамчунин ронандаи автомашани тамғаи “Мерседес-Бенс 312Д” ва мусофири ӯ Холиқов Икром Абдуғаниевич, соли таваллудаш 2000, сокинони ш.Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона қарор доранд.
Ба ин монанд, 6-уми октябри соли равон, тахминан соати 18:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу Лабо”, Рофиев Раҳмонҷон Раҳимҷонович, соли таваллудаш 1978, сокини ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Ғафуров Орифбой Ғафурович, соли таваллудаш 1940, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика