Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Равнақу ривоҷ ёфтани ҳамкориҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

382

Рӯзи 5 октябри соли 2018 зимни сафари хизматӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳайати кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Орландаи Иёлоти Флорида бо муовини Котиби давлатии Департаменти ИМА хонум Кристин Мэдисон мулоқоти судманд анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳод Алиёр, сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД полковники милитсия Боймаҳмадзода Музаффар ва сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума суханронӣ намуда, дар самти ислоҳоти милитсия ва милитсияи сайёҳии Тоҷикистон маълумоти муфассал доданд.

381383

Муовини Котиби давлатии Департементи ИМА хонум Кристин Мэдисон оид ба масъалаҳои таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди маводи нашъаовар ибрози андеша намуда, зикр кард, ки дар оянда ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ривоҷу равнақ медиҳанд.
Мавриди қайд аст, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД генерал-майори милитсия Рамазонзода Суҳроб Кароматулло, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Юнус Бобозода Назар ва муовини роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Салимбойзода Довар Салимбой ширкат варзиданд.
Вохӯрӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, хонум Кристин Мэдисон ба ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташриф ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо изҳори миннатдорӣ намуд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика