Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Навгониҳо дар Осорхонаи ВКД

372

Кормандони Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД пас аз корҳои ободонию созандагӣ ва таъмиру азнавсозӣ дар Осорхонаи ВКД, аз навгониҳои он ва ёдгориҳои таърихие, ки фаъолияти милитсияи тоҷикро инъикос мекунанд, аз наздик шинос шуданд.
Тавре дар суҳбат бо ҳозирин сардори Осорхонаи ВКД полковники милитсия Нозимшоҳ Ҳайдаров иброз намуд, Осорхона яке аз ҷойҳои фарҳангии ин ниҳоди давлатӣ ба шумор меравад. Дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба Осорхонаи ВКД зиёда аз 2 ҳазор нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни макотиби олии мамлакат ва шунавандагону курсантони Академияи ВКД барои шиносоӣ аз ёдгориҳои таърихӣ ва фаъолияти дирӯзу имрӯзи мақомоти корҳои дохилӣ ҷалб шуданд.

373375

Дар гӯшаи корҳои илмиву эҷодии мақомоти корҳои дохилӣ шумораи умумии китобҳо ба 545 адад расонида шудааст. Гӯшаи туҳфаҳои тақдимгардида аз дигар давлатҳо ба унвони Вазири корҳои дохилӣ хеле ҳам ҷолибу назаррабо мебошад. Ҳамзамон, то ба имрӯз аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба осорхона 142 туҳфа аз мақомотҳои корҳои дохилии дигар давлатҳо ҷойгир карда шудааст.
Бояд қайд кард, ки имсол бо кӯмаку дастгирии сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД генерал-майори милитсия Рамазонзода Суҳроб дар Осорхона як гӯшаи васеъ ташкил гардидааст, ки дар он китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирдоварӣ карда шудаанд. Дар гӯшаҳои дигари ин махзани фарҳангӣ туҳфаҳои ба унвони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида гузошта шудаанд, ки ин ба Осорхона шукуҳи дигарро зам менамояд.

374376377

Тамошобинон аз навгониҳои ин махзани таърихӣ ошно гардида, аз тамошои Осорхона таассуроти хотирмон бардоштанд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика