Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи кормандони оперативӣ

368

«Бо талошу заҳмати шахсиятҳои бузурги илму адаб забони тоҷикӣ дар сайри таърихии хеш давра ба давра ташаккул ва таҳаввул пайдо карда, куҳантарин ва асилтарин унсурҳои таърихӣ ва миллии худро аз қаъри асрҳо то кунун ҳифз намуда, имрӯз чун ганҷинаи гаронбаҳо ба мо ба ёдгор мондааст». Ин нуктаест аз суханониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал майори-милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни суханронӣ дар чорабинии бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иброз дошт.

369

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола санаи 5-уми октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Рӯзи забони давлатӣ» бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Имрӯз вобаста ба ин санаи муҳим дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ чорабинии тантанавӣ баргузор гардида, роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт ҳайати шахсӣ ва тамоми миллати тоҷикро ба ин санаи муҳиму таърихӣ табрику муборакбод намуданд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ, рӯзи таъсисёбии аввалин хадамоти оперативӣ, яъне кофтукови ҷиноӣ дар мақомоти милитсия, ки 5-уми октябр ҳамчун «Рӯзи кормандони оперативӣ» дониста мешавад, ҷашн гирифта шуд.
Зимни суханронӣ сардори Раёсат, генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ҳозиринро ба «Рӯзи кормандони оперативӣ» табрику мубаракбод намуда, ба ҳайати шахсии хадамотҳои оперативӣ, ҷиҳати фаъолияти бенуқсони минбаъдаашон дар самти пешгириву дастгирнамоии ҷинояткорон, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, ҳифзи молу мулки шаҳрвандон ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ иброз гардид, ки аввалин хадамоти оперативии мақомоти корҳои дохилӣ ҳанӯз соли 1918 ҳамчун Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати марказии маъмурии Комиссариати Халқии корҳои дохилӣ дар ҳайати се нафар ташкил гардида буд.
Бо ба даст овардани Истиқлолият, зина ба зина тамоми бахшҳои давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон тараққӣ намуда, дар ин баробар Вазорати корҳои дохилӣ ба як нерӯи қудратманду тавоно мубаддал гардид. Бахши кофтукови ҷиноӣ низ тадриҷан инкишоф ёфта, ирӯз Раёсат ва Шуъбаҳои кофтукови ҷиноятии шаҳру ноҳияҳо фаъолияти оперативӣ-хизматиро ба роҳ мондаанд.

370371

Метавон гуфт, ки Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе имрӯзҳо бо тамоми лавозимоти моддию техникӣ таъмин буда, бо ҳайати шахсии дорои малакаву дараҷаи касбияти баланд, сол то сол дар муайян ва пешгирии ҷинояткорӣ муваффақ гардида истодаанд.
Дар охири чорабинии мазкур аз ҷониби сардори Раёсат як қатор кормандони дорои фаъолияти баланди хизматӣ бо медалу Ифтихорномаҳои фахрӣ ва Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Шукуров Сироҷиддин, лейтенанти калони милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика