Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи кормандони оперативӣ»

356Имрӯз – 5 октябри соли 2018 дар толори РВКД дар вилояти Хатлон бахшида ба «Рӯзи кормандони оперативӣ» бо иштироки ҳайати шахсии Раёсати мазкур ва кормандони оперативӣ ҷамъомад баргузор гардид.

Сардори Раёсати РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар тамоми кормандони самти оперативиро бо «Рӯзи кормандони оперативӣ» самимона табрику таҳният намуда, дар кори масъулиятноку бошараф ва заҳматталабу боифтихорашон барору комёбӣ, муваффақияту сарбаландӣ ва саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно кард.
Зикр карда шуд, ки садоқату самимият ба ӯҳдадориҳои хизматӣ, гиромидошти хоку оби Ватан дар замири фарзандони бонангу номуси ин сарзамин, алалхусус кормандони оперативӣ имкон медиҳад, ки ҷиноятҳои вазнин ва амалу кирдорҳои хилофи қонун ошкор гардида, афроди ҷинояткор назди қонун ҷавоб гӯянд.

357358359

Як қатор кормандони самти фаъолияти оперативӣ барои хизматҳои софдилона, содиқона, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, натиҷаҳои баланди хизматӣ, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва интизоми намунавӣ, инчунин бахшида ба таҷлили «Рӯзи кормандони оперативӣ» бо Ифтихорномаҳои фахрӣ сарфароз гарадонида шуданд.

Офоқ Қодириён

 




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика