Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дидаву дониста сироят намудан ба бемории ВНМО ҷиноят аст!

Ҳарчанд аз ҷониби вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ баҳри пешгирии паҳншавии Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар байни аҳолӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шаванд ҳам, вале баъзе нафарон дидаю дониста, ки худ беморанд, дигаронро бо ин вабои марговар сироят менамоянд. 

Рӯзи 3 октябри соли 2018 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам дастгир карда шуд.
Номбурда, ба бемории Вируси норасоии масунияти одам гирифтор шуда, худро ба қайди Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар ш.Душанбе намондааст.
Рӯзи 6-уми августи соли 2018 новобаста аз он, ки номбурда аз тарафи маркази мазкур оиди бемор буданаш огоҳнома гирифтааст, дидаву дониста бо зани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе алоқаи ҷинсӣ намуда, номбурдаро ба бемории ВНМО гирифтор намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика