Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳолатҳои қаллобӣ дар манотиқи гуногуни кишвар

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 53-солаи сокини кӯчаи Миралии пойтахт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки соли 2015 марди 53-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 22000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 37-солаи сокини кӯчаи Шамсии пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2015 марди 37-солаи сокини кӯчаи Заҳматобод бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 8750-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Бо ҳамин мазмун ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 51-солаи сокини кӯчаи Зарафшони пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2017, марди 57-солаи сокини деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо модаҳои 391 қисми 1, 323 қисми 2 ва 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 4000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ оид ба ҳодисаи қаллобӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Панҷ марди 58-солаи сокини деҳаи Пахтакори ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2018, зани 44-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 5000-сомонӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ ба маблағи 42000 сомониро гирифта, то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика