Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забон асоси ҳастии миллат аст!

629

5 октябр ҳамсола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносибат рӯзи 3-юми октябри 2018 дар толори РВКД дар вилояти Хатлон конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки роҳбарон, ҳайати шахсӣ, собиқадорони соҳа, олимону шоирон таҳти унвони «Забон асоси ҳастии миллат аст» баргузор гардид.
Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ муовини аввали сардори Раёсати мазкур генерал-майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба фарорасии ҷашни фархунда - Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи пурсамарашон баҳри пешрафти ҷомеа комёбиҳо таманно кард.

630

Мавсуф иброз дошт, ки забони тоҷикӣ таърихи чандҳазорсола дорад.
Дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти давлат ба рушду такомули забони давлатӣ бо такя ба гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дӯст доштани забон - ин дӯст доштани Модар, Ватан ва таъриху фарҳанги худ аст» таваҷҷуҳу ғамхории зиёде зоҳир карда мешавад.
Дар замони имрӯза забон яке аз унсурҳои асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ буда, пас аз гузаштани қарнҳо ҳувияти миллӣ ва давлатии худро тақвият бахшида, чун забони илму адаб ва фарҳанги ғании тоҷикон аҳамияти ҷаҳониро соҳиб гаштааст.

631632

Доктори илмҳои филологӣ, профессор, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Ҳасани Муродиён Рӯзи забони давлатиро ба ҳамаи кормандони милитсия муборак гуфта, аз боби манзалати забони ноби тоҷикӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, иброз дошт, ки забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад. Мавсуф хидматҳои Пешвои миллатро дар рушду такомули забони тоҷикӣ ва пуштибонии Сарвари мамлакатро дар ин ҷода муфассал баён карда, даъват намуд, ки ба забони модарии хеш эҳтиром гузошта, барои ҳифзу рисолати он ҳиссагузор бошед, зеро эҳтирому гиромидошт ба ҳар халқу миллат маҳз аз забони ӯ оғоз меёбад.
Дар охир чанд нафар аз толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёна ва донишҷӯён дар васфи забон, модар, Ватан, Тоҷикистон, сулҳу ваҳдат аз ашъори классикони тоҷику форс порчаҳои шеърӣ қироат карданд.
Офоқ Қодириён




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика