Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати 7 нафар бар асари ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Лахш

130Рӯзи 30-юми сентябри соли 2018, тахминан соати 22:05-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ЗИЛ-ММЗ-554”, Юсупов Сунатулло Қамчинбекович, соли таваллудаш 1982, сокини деҳаи Калтубулоқи ноҳияи Лахш ҳангоми ҳаракат дар мавзеъи Қарақия, ки роҳи автомобилгард ҳисоб намешавад, автомашинаи мазкурро аз баландии 150-метр ба ҷарӣ чаппа кардааст. 

Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашина: Шарифов Темирбай Исломович, соли таваллудаш 1973, Шарифов Асқаб Аслонбекович, соли таваллудаш 1998, Шарифов Қадриддин Темурбоевич, соли таваллудаш 1998, Шарифова Гулзира Темуровна, соли таваллудаш 2000, Шарифова Рухшона Насриддиновна, соли таваллудаш 2006, Шарифова Вазира Темуровна, соли таваллудаш 2009 ва Шарифов Нурмат Насриддинович, соли таваллудаш 2014, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ронанда Юсупов Сунатулло Қамчинбекович ва мусофирони дохили автомашинаи мазкур Шарифова Тоту Акбаровна, соли таваллудаш 1980, Шарифов Насриддин Исломович, соли таваллудаш 1978, Шарифова Чолнонай Батирбековна, соли таваллудаш 1978, Шарифов Алишер Темирбоевич, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандагони деҳаи Кушайи ноҳияи Лахш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика