Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кӯмаки Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ба Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони №1»

 251 

Дастгирӣ ва ғамхории ятимону бепарасторон амалест хайру савоб, бахусус дар арафаи иди саиди Қурбон. Бо ибтикори роҳбарияти Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи иҷтимоии ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, дар арафаи иди саиди Қурбон ба тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони №1»-и махсусгардонидашудаи шаҳри Душанбе, кӯмаки хайриявӣ расонида шуд.
Бо мақсади дастгирӣ ва ғамхории ин табақаи ниёзманди ҷомеа, имрӯз дар арафаи ҷашнгирии иди саиди Қурбон аз тарафи Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони мазкур кӯмаки яквақта аз қабили масолеҳи рангуборкунӣ барои таъмиру тармим ва уребчаҳо расонида шуд.

252

Ҳамчунин дар арафаи ин ид ба 50 нафар собиқадорон, маъюбон ва кормандони ниёзманди Хадамот кӯмаки яквақта аз қабили 1 халтагӣ орд, 5 кг биринҷ, 3 литри равған ва ба 5 оилаҳои ҳангоми адои вазифа фавтидаи кормандони Хадамот, кӯмаки яквақтаи моливӣ расонида шуд.
Саидмуродзода Далер Нарзӣ, нозири калони гурӯҳи матбуотии Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun2

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика