Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ бо ҳайати шахсии РВКД дар вилояти Суғд

354

Рӯзи 17 август дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд вохӯрии аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсат бо ҳайати шахсӣ доир гардид. Чорабиниро сардори мақомоти корҳои дохилии вилояти мазкур генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо ифтитоҳ намуда, доир ба раванди амалисозии ислоҳот дар сохтори милитсия ва мавқеи шӯроҳои ҷамъиятӣ ибрози андеша намуд. Гуфта шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ВКД барномаҳои гуногуни давлатӣ қабул шуда иҷро гардидани он ба раванди ислоҳот таъсири муваффақона мегузорад.
Сипас раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маликисломӣ Наим Мунаввар баромад намуда вобаста ба маҳаки асосии ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон «Ҳамкорӣ ва робитаи мустаҳкам бо ҷомеа» ва такмил додани маҳорати касбияти кормандони мақомот ба ҳозирин маълумот дод.

355

Таъкид гардид, ки санаи 19 марти соли 2013 «Стратегияи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» бо Фармони Президенти кишвар тасдиқ гардида, дар баробари такмили заминаҳои қонунгузории фаъолияти МКД чорабиниҳо дар самти ислоҳоти милитсия марҳила ба марҳила амалӣ карда шуданд. Таъмини шароити мусоид ба кормандон, техникаву таҷҳизоти муосир, таъсиси телефони боварӣ, сомонаи расмӣ, ворид намудани баъзе дигаргуниҳо дар сохтори мақомоти милитсия аз зумраи он иқдомоти ҷадиде мебошанд, ки ба рушди ислоҳот мусоидат менамояд.
Дар идомаи вохӯрӣ аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба сухан баромада, оиди ҳадаф аз тадбиқи ислоҳоти милитсия ва нақши ҳар як корманд дар мукаммалгардонии барномаи ислоҳоти мазкур маълумот доданд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика