Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии кормандони милитсия бо сокинони ноҳияи Ш.Шоҳин

350

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мутобиқи нақша-чорабиниҳо баргузории мулоқоту вохӯриҳои кормандони милитсия бо аҳли ҷомеа рӯзҳои 16-ум ва 17-уми августи соли 2018 дар ҷамоати шаҳраки Шӯрообод ва ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрии сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар бо аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Раиси ноҳияи мазкур Зарифзода Почохон Ҳабибулло, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон, ҷавонон, имомхатибон ва дигар шахсони мутасаддӣ иштирок доштанд.

351352

Раиси ноҳияи мазкур дар назди ҳозирин баромад карда, аз ҷумла қайд кард, ки Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Истиқлолият барои мо имконият фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро интихоб намоем. Боиси таассуф аст, ки бадхоҳони миллати тоҷик барои ноором кардани вазъи сиёсии кишварамон аз ҳама имкониятҳо истифода карда, ҷавонони моро гумроҳ месозанд. Мо бояд ба имрӯзу ояндаи хеш бо диди нек назар андозем, фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯсти, садоқат ва ҳамбастагӣ тарбия намоем.

353

Сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар дар баромади худ қайд намуд, ки мақсади вохӯриҳо пешгирии ҷиноятҳо, алалхусус дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, харидуфурӯши ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону ноболиғон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистӣ дошта ва дигар масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб рафта, дар ин замина ҳамкории кормандони милитсия бо аҳолӣ бояд боз ҳам тақвият бахшида шавад.
Чанд нафар аз иштирокдорон оиди хавфу хатарҳои экстремизму терроризм суханронӣ намуда, таълиму тарбия намудани фарзандон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватанпарвариву пос доштани арзишҳои миллиро пояи устувор бар муқобили ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ арзёбӣ намуданд.
Солеҳзода Искандар зикр намуд, ки мулоқот ва суҳбатҳои озоду ошкорои кормандони мақомоти милитсия имконият медиҳад, то ки иштирокдорон аз вазъияти криминогении минтақа хабардор гардида, дар пешгирӣ ва рафъи зуҳуроти халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ саҳмгузор бошанд ва барои пурзӯр намудани фаъолияти хизматӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ба кормандони милитсия як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Офоқ Қодириён

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun2

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика