Ба ШВКД дар шаҳри Панҷакент бо ариза марди 25-солаи сокини деҳаи Марғедари ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки санаи 16-уми августи соли 2018, тахминан соати 03:00-дақиқа, шахсони номаълум аз назди истгоҳи “Самарқанд”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ автомашинаи шахсиаш, тамғаи “Мерседес-бенс”-ро ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд.
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду ҷавонписари 20 ва 21-солаи сокинони шаҳри Панҷакентро бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт бидуни мақсади тасарруф дастгир намуданд.
Нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 252 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>