Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пахш намудани пиёдагардон аз ҷониби ронандагони ноӯҳдабаро

Рӯзи 17-уми августи соли 2018, тахминан соати 23:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Камри” Каримов Ғуфрон Сатторович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Ғафуров-Конибодом, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди дар канори роҳ хобида Мӯъминов Абдусалом Абдуҷалолович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст. 

Дар натиҷа пиёдагард, Мӯъминов А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 17-уми августи соли 2018, тахминан соати 23:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-3110”, Холов Ҳомид Шарифбекович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, воқеъ дар маҳаллаи Дуобаи ноҳияи Варзоб, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ноболиғ, Асадуллоев Дилшод Мирзорабиевич, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 9-уми Литсеи “Роҳнамо”-ро пахш намудааст.
Мутаассифона, бо рух додани чунин ҳодисаи нохуш ноболиғ, Асадуллоев Д.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun2

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика