Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад

154

Рӯзи 8-уми августи соли 2018 дар ШВКД дар ноҳияи Данғара чорабинӣ бо иштироки намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Данғара Сайдализода Маҳмадулло, кормандони милитсия ва сокинон баргузор гардид. 

155156

Дар рафти чорабинӣ сардори ШВКД дар ноҳияи мазкур полковники милитсия Наъматзода Алишер суханронӣ намуда, иброз дошт, ки терроризм ва экстремизм зуҳуроти мудҳиши умумибашарӣ буда, баъзе кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифтааст.
Вақтҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон боиси нигаронии аҳли ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, тамоми кишварҳои мутамаддини ҷаҳон имрӯз ба муқобили ин падидаҳои хатарнок бархоста, зидди он муташаккилона мубориза бурда истодаанд.
Раиси ноҳияи Данғара Сайдализода Маҳмадулло оиди ҳодисаи куштори сайёҳони хориҷӣ изҳори таассуф намуда, ба кормандони милитсия ва сокиноне, ки дар боздошти гурӯҳи хиёнаткорон саҳм доштанд, изҳори миннатдорӣ намуд.

157

Бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои хизматҳои софдилонаю содиқона, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, нишон додани далерию мардонагӣ ва ҳамкориҳои судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ як қатор кормандони милитсия ва сокинони ноҳияҳои Данғара ва Вахш бо медалҳо, нишонҳои сарисинагӣ, Раҳматномаҳо ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика