Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Такмил ёфтани малакаю маҳорати касбии кормандони самти оперативӣ

151

Ҳафтаи сипаригардида мутобиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати пайваста баланд бардоштани савияи дониш, такмил додани малакаю маҳорати касбии кормандони самти оперативӣ, омӯзиши қонунҳои амалкунанда ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Саидзода Шоҳрух Абдуфатоҳ ба Раёсати ВКД дар ВМКБ сафар намуд. 

152153

Дар ҷараёни сафар натиҷаҳои фаъолияти хизматии Шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар ВМКБ ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур дар давоми нимсолаи аввали соли 2018 мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба онҳо расонида шуд. Ҳамчунин ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолият ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар рафти сафари хизматӣ сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД подполковники милитсия Саидзода Ш.А. бо шароити хизматӣ ва фаъолияти ҳайати шахсии кофтукови ҷиноятии РВКД дар ВМКБ аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, зимни вохӯрӣ ба онҳо васоили варзишӣ ва 5 адад компютер супорид.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика