Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чаппа шудани автомашина дар Бӯстонқалъа

7-уми августи соли 2018, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Фолксваген-Пассат”, Ғозиев Муродҷон Холмаҳмадович, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Левакант ба самти ноҳияи Данғара, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба чуқурии 96-метр чаппа кардааст. 

Дар натиҷа, худи ронанда Ғозиев М.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Хоҷаева Манзура Холмуродовна, соли таваллудаш 1984, Ёрова Миҷгона Ғуломовна, соли таваллудаш 1985, хурдсол Холмуъмини Холмаҳмад, соли таваллудаш 2014 ва Шамсиддинов Фирӯз Пирмаҳмадович, соли таваллудаш 1995, сокинони шаҳри Левакант, баъди муоинаи табибон ба хонаашон рухсат шуданд.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика