Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳашари дастаҷамъонаи оташнишонон баҳри ободониву зебогардонӣ ва пешгирии сӯхтор

442

Имрӯз тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон, ки боиси аз меъёр зиёд гарм шудани ҳарорати ҳаво дар рӯи замин гардида, дар баробари таъсири манфӣ расонидани он ба саломатии инсон ва дигар мушкилотҳои гуногуни экологиро ба миён овардан, инчунин таъсири барзиёди гармии ҳаво яке аз сабабҳои асосии сар задани сӯхтор дар ҷангалзорҳо ва оташгирии алафҳои хушки талу теппаҳо, ки дар натиҷаи инъикосшавии нурҳои офтоб аз шишапораҳои рӯи замин афтида ба амал меоянд, гардидааст.

443

Тибқи иттилои мутахассисони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон агар яке аз сабабҳои ҳодисаҳои сӯхтори ҷангалзорҳо, боғу бустонҳо ва алафҳои хушки талу теппаҳову оромгоҳҳо таъсири ҳарорати гармии аз меъёр зиёди боду ҳаво бошад, сабаби асосии дигари он ин риоя накардани меъёр ва оддитарин талаботҳои қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор аз тарафи роҳбарону масъулони онҳо мебошад. Зеро ҳамасола, баҳри пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор, аз тарафи мутахассисони Мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор сари вақт, ба роҳбарону масъулони тамоми корхонаву иншоот ва хоҷагиҳои шакли моликияташон гуногун, амрномаҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо маҷмӯи чорабиниҳои зиддисӯхторӣ ва муҳлатҳои муайяни иҷроиши он супорида мешаванд. Вале, бинобар сабаби дидаву дониста бемасъулиятӣ зоҳир намудани баъзе аз роҳбарону масъулони корхонаву иншоот ва хоҷагиҳои шакли моликияташон гуногун ба талаботи қонуну қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва сари вақт иҷро накардани чорабиниҳои зиддисӯхторӣ, ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ба амал омада, боиси хисороти зиёди моддӣ мегарданд.
Дар доираи корҳои ободониву зебогардонӣ ва бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтори алафҳои хушки канори роҳҳои автомобилгарду дар зери дарахтони гуногуну буттаҳои ороишӣ буда, тибқи талаботи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, имрӯз кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он бо иштироки бевоситаи сардори Сарраёсат генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода, инчунин аскарони қисмҳои низомии Раёсати қушунҳои дохилии ВКД ба ҳашари дастаҷамъона баромада, алафҳои хушки канори роҳҳои автомобилгард ва дар зери арчазорҳои назди Наврӯзгоҳи пойтахту Қасри миллат бударо пурра тоза карданд. Ҳамчунин тавассути нақлиётҳои оташнишонӣ арчазорҳо ва гулу буттаҳои ороиширо шодоб намуданд.
Бояд қайд кард, ки тамоми кормандони Мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар ин ҳашари дастаҷамъона иштирок намуданд, хеле ҳам шоду хушҳол аз он будан, ки дар баробари иҷрои вазифаҳои асосии хизматии худ, инчунин онҳо тавонистанд, ки дар ободу зебогардонии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе саҳми азрзандаи худро гузоранд.

444

Чунин ташаббуси ободкоронаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дигар корхонаҳову иншоот низ метавонад боиси ибрат гардида, дар гул-гул шукуфоии Ватани азизу маҳбубамон нақши босазо гузорад.
Воқеан ҳам саҳмгирӣ дар корҳои ободониву зебогардонӣ ва пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор натанҳо вазифаи мақомоту хадамотҳои давлатӣ мебошад, балки ин кори тамоми мардум ва қарзи маънавии ҳар як шарҳванд аст. Мо танҳо дар ҳамдастиву якдигарфаҳмӣ метавонем Ватани азизу маҳбубамонро боз ҳам зеботару ободтар гардонем.
Кароматулло Абдуллоев
Толиб Ҳаётов
СХДО ВКДҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика