Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақаллубкории ду нафар ошкор гардид

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур зани 47-солаи сокини кӯчаи Айнии пойтахт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки марди 44-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 11000-доллари амрикоиро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст. 

Тафтишот муайян намуд, ки номбурда соли 2013, бо роҳи фиреб ба боварии зани 49-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 30000-доллари амрикоиро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Ба ҳамин монанд, ба мақомоти милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров шикоят бурдааст, ки 23-юми апрели соли 2018, ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 45.000-сомониро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Айни замон нафарони тақаллубкор дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, корҳои тафтишотӣ давом дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика