Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии маводи инъикоснамудаи корбари “Фейсбук”

105

Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маводи инъикоснамудаи корбари фаъоли “Фейсбук” шаҳрванд Зухра Солизода таҳти унвони “Друзья, будьте осторожны!!!”, оид ба муносибати дағалона бо мусофирон ва бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ронандаи автомошинаи тамғаи “Деу-сиело” аломати қайди давлатиаш 0438 НА 01, мусофиркаши хатсайри ғайриқонунии №3, ки дар саҳифаи фейсбукии худ нашр намуда буд, мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷааш чунин иттилоъ медиҳад.

106

Муроҷиати дарҷгардида аз ҷониби Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш ва чораҷӯии пурра ва ҳаматарафа қарор дода шуда, дар асоси далелҳои дар мавод инъикосгардида, ронандаи воситаи нақлиёт мавриди санҷиши нозирони роҳ қарор дода шуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки воситаи нақлиёти тамғаи “Деу-Сиело”, аломати қайди давлатиаш 0438НА01 ба шаҳрванд Норматов Абдураҳим Абдуҷалилович, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Роҳи нав тааллуқ дошта, ғайриқонунӣ бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ (таксӣ) дар хатсайри №3 фаъолият менамояд.
Илова бар ин муайян гардид, ки далелҳои дар мавод инъикосгардида ба пуррагӣ тасдиқи худро ёфтанд. Зимни санҷиши ҳуҷҷатҳои автомашинаи мазкур дар ҳақиқат номбурда ғайриқонунӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул буда, дар баробари бо мусофирон дағалона рафтор намудан, ҳамзамон бо суръати баланд автомашинаи худро идора мекардааст, ки ин амал метавонад боиси рух додани ҳодисаҳои нохуш гардад. Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида нисбати ронандаи автомошинаи мазкур шаҳрванд Норматов Абдураҳим бо дастрасии моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чоруҷӯӣ ба суд ирсол карда шуд.
Тибқи муқаррароти моддаи мазкур ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 сомонӣ ронандаро таҳдид мекунад.
Аз ин рӯ, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ин самт андешаи муаллифи матлаб оиди инъикоси вайроннамоии қоидаҳои ҳаракати роҳ ва дигар кирдорҳои зиддиқуқуқиро бо мақсади пешгирӣ ва дар оянда роҳ надодан ба чунин ҳуқуқвайронкунӣ ҷонибдорӣ намуда, аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан тавассути телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00 муроҷиат намоед.
Моддаи 510. Бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномаро талаб менамояд
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1477)
1. Барои бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ амалӣ намудани фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб менамояд, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз панҷоҳ то шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1477)
2. Барои бе иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё бидуни он ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1477)




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика