Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо доираи васеъи фаъолон дар шаҳри Хуҷанд

309

Рӯзи 1 августи соли 2018 роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби масъулини дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ Прокуратура, Суд, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вазъи ҷинояткорӣ ва роҳу усулҳои пешгирии онро бо иштироки доираи васеъи фаъолон баррасӣ намуданд.
Чорабинии маърифатӣ дар толори «Маркази фарҳанг» баргузор гашт.
Ҷаласаро раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда барои дар амал тадбиқ намудани дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии ҷинояткорӣ иқдоми мақомоти корҳои дохилиро ба мақсад мувофиқ донист. Аз ҳодисаи мудҳиши таъсири васеи ҷамъиятӣ доштаи чанд рӯзи охир дар қаламрави мамлакат рух дода ёдовар шуда, мавсуф таъкид намуд, ки барои тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ на танҳо қуввваи мақомотҳои давлатӣ, балки нерӯи тамоми шаҳрвандони худогоҳу худшинос зарур аст.

310

Тафсилоти вазъи кунунии криминогении маркази маъмурии вилояти Суғд, тадбирҷӯиҳои мақомоти милитсия баҳри пешгирии ҷиноят, кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва ҳолатҳои мақомотро ба ташвишоваранда дар маърӯзаи сардори шуъбаи ВКД полковники милитсия Ҷалилзода Э.К. ироа гардид. Бо такя ба асноду делелҳои парвандаҳои ҷиноятӣ ба ҳозирин маълумот дода гуфта шуд, ки риоя нагаштан ва аз мадди назар дур мондани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз тарафи баъзе падару модарон боиси он гаштааст, ки ҷиноятсодиркунӣ аз ҷониби нобилиғон нисбатан зиёд шавад.
Ҳамчунин муноқишаҳои оилавӣ падидаи истиробангез унвон карда шуда, барои бартараф намудани он ҳамкории шаҳрвандон бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ муҳим шуморида шуд. Аз ҷумла, ҳамкории аҳолӣ бо милитсия дастгоҳи устуворест, ки муқобили тамоми зуҳуроти номатлуб, ҷинояткорӣ ва дигар ангезаҳои халалдоркунандаи амнияту тартибот истодагарӣ карда метавонад.

311

Дар идомаи ҷаласа Прокурори шаҳри Хуҷанд Арабшо Солеҳзода вазъ ва дурнамои ҳолати криминогении шаҳри Хуҷандро таҳлил намуда иброз дошт, ки бетарафии шаҳрвандон барои доман паҳн кардани падидаҳои номатлуб ва кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ замина мегузорад. Аз ҳозирин даъват карда шуд, ки фаъолтар бошанд ва дар пешрафту ободии мамлакат ҳиссагузорӣ намоянд.
Дар фарҷом барои коргузорӣ дар маҳалҳо дар самти тарғиби ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон пешниҳодҳои ҷолиб сурат гирифт.
Акбар Шарифов, капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика