Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо суистифода аз боварӣ содир намудани қаллобӣ

Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 35-солаи сокини кӯчаи Н.Махсуми пойтахт, соҳибкор, муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2017 ҳангоми дар бозори “Фаровон”, воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулов қарор доштанаш, ду бародар - мардони 33 ва 29-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 37 ҳазору 980-сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд. 

Бо ҳамин мазмун ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе, соҳибкор, муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2016, ҳангоми дар маҳаллаи 82-юм қарор доштанаш, зани 56-солаи сокини ноҳияи Файзобод, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 180-адад дари байниҳуҷравиро ба маблағи 54000-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 50-солаи сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2016, зани 46-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 62000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика