Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт боиси садама гардид

108109

Вазнин гардидани ҷавобгарӣ барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт, пеш аз ҳама ҷиҳати нигоҳдоштани бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ нигаронида шудаааст. Мутаассифона ҳанӯз ҳам ҳастанд нафароне, ки ба ҷони худу атрофиён раҳм накарда, бо як беэътиноӣ ба қонуни амалкунанда дар ҳолати сархӯшӣ пушти чанбараки автомашина менишинанд, ки ба оқибатҳои фалокатбор меанҷомад.

110Санаи 21-уми июли соли 2018, тахминан соати 03:55-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Ренҷ-Ровер», рақами қайди давлатияш 0777Х001, Фарзонаи Элмурод, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи С.Шерозӣ ҳангоми сурх будани чароғаки танзимкунандаи ҳаракати роҳ воситаи нақлиётро идора карда натавониста, ҳангоми идома додани ҳаракати воситаи нақлиёт ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатияш 1890НА01 бармехӯрад. Дар натиҷа автомашинаи номбурда сарозер чаппа шуда, ҳарду воситаи нақлиёт зарари техникӣ мегиранд.
Зимни санҷиши ҳодиса тафтишот муайян намуд, ки сабаби асосии рух додани садамаи мазкур дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи «Ренҷ-Ровер» будааст.
Айни замон, нисбати номбурда барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт, ки сабабгори асосии сар задани садама гардидааст маводҳои лозимӣ тартиб дода шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика