Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии чорво ва муҳаррикҳо дар ноҳияи Шаҳринав

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 14-уми июли соли 2018, тахминан соати 02:20-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба оғилхонааш даромада, аз он ҷо 1-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 3700-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонписари 19-сола ва марди 34-солаи сокинони деҳаи Сангмелаи ноҳияи Шаҳринав бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ҳамчунин ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки шаби 17 ба 18-уми марти соли 2018, тахминан соати 23:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба сехи №1 ҶСП “Паррандапарварӣ” даромада, аз он ҷо 5-адад муҳаррикҳои донтаъминкунии паррандагонро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки дар натиҷа ба номбурда ҷамъ ба маблағи 5000-сомонӣ зарар расонидаанд.
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Шаҳринавро, ки пеш 2-маротиба бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика