Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷиҳати ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткор тамоми чораҳо андешида мешаванд

54Вобаста ба хабари Васоити ахбори омма оид ба куштори ваҳшиёнаи Ҳувайдо Тиллозода, духтари панҷсолаи тоҷик дар шаҳри Серпухови вилояти Москва, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ҷиҳати таҳти назорати қатъӣ гирифтани рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ, сари вақт ошкор кардани ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткор барқия ирсол намуд.

Рӯзи 23 июли соли равон аз ҷониби Сарраёсати Кумитаи тафтишотӣ оид ба вилояти Москва аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 105 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия оғоз гардидааст.
Дар ин самт чорабиниҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ВКД Федератсияи Россия идома доранд.

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика