Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ

Рӯзи 22-юми июли соли 2018, тахминан соати 15:00, ноболиғ, писарбачаи 14-солаи сокини ноҳияи Ховалинг, хонандаи синфи 6-уми МТМУ, ҳангоми дар лаби дарёи деҳаи Калтачинори ноҳияи Балҷувон оббозӣ карданаш аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи 23-юми июли соли 2018, тахминан соати 17:30-дақиқа, ҷавонписари 18-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак ҳангоми оббозӣ намудан дар дарёи Вахш, воқеъ дар деҳаи Сари-гузари шаҳри мазкур аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Аз тамоми шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки зимни оббозӣ дар рӯду дарёҳо ва ҳавзу обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намуда, фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика