Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Талошҳои кормандон ХДО баҳри ҳифз ва ҳимояи молу мулк аз сӯхтор дар ноҳияи Варзоб

151

Баҳри татбиқи саривақтии талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2018, ҷаҳати эмин нигоҳ доштани молу мулк, талафоти ҷонӣ ва таъмини пурраи вазъи бехатарӣ аз сӯхтор, дар асоси супориши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, кормандони Дидбонгоҳи алоҳидаи хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Варзоб дар тамоми муассисаву корхона ва иншооти шакли моликияташон гуногун корҳои профилактикӣ-оташнишонӣ ва тарғиботу ташвиқоти риояи меъёр ва талаботи қонуну қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро ташкил ва гузаронида истодаанд.
Ҳангоми гузаронидани корҳои профилактикӣ-оташнишонӣ кормандони Дидбонгоҳи алоҳидаи хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Варзоб ҳамчунин бо дастаҳои идоравии оташнишонӣ ва коргарону хизматчиёни муассисаву иншооти шакли моликияташон гуногун машғулиятҳои назариявию амалӣ, вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва дар вақти рух додани он чӣ гуна амал намуданро ба таври муфассал омӯзонида, дар бар тараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдоштаи зиддисӯхторӣ ба мутасаддиёни онҳо ёрии амалӣ расонида истодаанд.
Аз он ҷумла, чунин чорабиниҳои профилактикӣ-оташнишонӣ ва тарғиботу ташвикоти риояи меъёр ва талаботи қонуну қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар Муассисаи давлатии осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб, мансуб ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он айни замон зиёда аз 100 нафар собиқадорони ҷангу мехнат истироҳат намуда истодаанд ва дар Хоҷагии деҳқонӣ-истеҳсолии ба номи «Карим Шарипов»-и ноҳияи Варзоб низ ташкил ва гузаронида шуданд.

152

Дар анҷоми чорабиниҳои зиддисӯхтории доир карда шуда, аз тарафи муовини директори Муассисаи давлатии осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон» Баҳрулло Раҳимов ва раиси Хоҷагии деҳқонӣ-истеҳсолии ба номи «Карим Шарипов» Муҳаммад Юсупов ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва тамоми кормандони Дидбонгоҳи алоҳидаи хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Варзоб, барои расонидани кӯмаки методию амалӣ дар пешгирӣ ва мубориза бо ҳодисаҳои ноҳуши сӯхтор, изҳори сипоси самимӣ карда шуд.
Искандар Сайдализода, Саломиддин Зарифзода, ДА ҲХДО ноҳияи Варзоб




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика