Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати 1 ронанда, 2 мусофир ва 3 пиёдагард дар садамаҳои нақлиётӣ

22-юми июли соли 2018, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Бобобеков Исмоил Хуҷаевич, соли таваллудаш 1984, сокини ш.Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар шоҳроҳи “Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб” аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Раҷабов Маҳмадулло Файзуллоевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Кӯлоб, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, Бобобеков И.Х. ва мусофирони дар дохили автомашинаи мазкур буда, Ниёзов Эраҷ Сайфуллоевич, соли таваллудаш 1975, сокини ш.Душанбе, Ҳакимова Моҳинав, соли таваллудаш 1942, сокини ш.Кӯлоб, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари дар дохили автомашина буда, Салимова Матлуба Сайдаҳмадовна, соли таваллудаш 1977, сокини ш.Кӯлоб, ноболиғон: Ҳабибова Ҳусноро Эраҷовна, соли таваллудаш 2001, Юсуфова Ясмина Зафаровна, соли таваллудаш 2015, сокинони ш.Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
22-юми июли соли 2018, тахминан соати 00:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Некси”, Саломзода Салмони Мирзоширин, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Даҳани намаки ноҳияи Темурмалик ба самти ноҳияи Данғара дар ҳолати мастӣ қарор дошта, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Сафаров Маҳмадшариф Баҳруддинович, соли таваллудаш 2000, сокини деҳаи Фахрободи ноҳияи Темурмаликро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Сафаров М.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
20-уми июли соли 2018, тахминан соатҳои 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шамсиддинзода Муслиҳиддин, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи 1-Майи ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Рауфова Робия Қиёмиддиновна, соли таваллудаш 2012, сокини деҳаи А.Сурхи ноҳияи мазкурро бо қисми пеши автомашинааш мезанад.
Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол Рауфова Р.Қ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
21-уми июли соли 2018, тахминан соатҳои 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ризвониддини Мирзо Ҳакимзод, соли таваллудаш 1994, сокини ш.Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода дар ҳудуди деҳаи Офтобрӯяи ноҳияи Шаҳринав, аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Шарбатова Нозанин Каримҷоновна, соли таваллудаш 2011, сокини деҳаи Офтобрӯяро пахш кардааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол Шарбатова Н.К. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика