Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои нақлиётгард

18-уми июли соли 2018, тахминан соатҳои 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Сафаров Баҳриддин Сайтоҷиддинович, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Шарқи ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Шарофов Раҷабалӣ Шералиевич, соли таваллудаш 1963, сокини деҳаи Шарқро пахш намудааст. 

Дар натиҷа, пиёдагард Шарофов Р.Ш. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷоий ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин мусофири дар дохили автомашинаи мазкур буда, Юнусова Садбарг Қудратовна, соли таваллудаш 1970, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
18-уми июли соли 2018, тахминан соати 18:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21213”, Маҳмадзиёев Давлаталӣ Бургутович, соли таваллудаш 1971, сокини деҳаи Кӯҳдомани ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди заминҳои деҳаи Кӯҳдоман аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба чуқурии канори роҳ чаппа менамояд.
Дар натиҷа худи ронанда, Маҳмадзиёев Д.Б. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида ва мусофири дохили автомашина Ризоев Ҳазратқул Тешаевич, соли таваллудаш 1962, сокини деҳаи Оли Сомони ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот давом дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика