Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон дар ВМКБ

603

Бо мақсади баҳамоии ҷавонон, бештар гардидани дӯстиву рафоқат дар байни онҳо, пайдо гардидани робита ва муносибатҳои созанда дар байни ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар, бо тасмими роҳбарияти ВКД як гурӯҳ ҷавонони фаъол бо роҳбарии кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

604

Рӯзи 18-уми июли соли 2018 дар маҷлисгоҳи ҳукуматии вилоят бо иштироки ҷавонони фаъол, намояндагони касбу кори гуногун, кормандони милитсия ва роҳбарияти вилоят форуми ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони "Зиракии сиёсии ҷавонон-омили рушду суботи кишвар" баргузор гардид.
Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо ба чорабинӣ оғоз бахшида, иброз дошт, ки Кумитаи ҷавонон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ пайваста чунин чорабиниҳои мақсаднокро ҷиҳати пешгирии ҳаргуна кирдорҳои номатлуб дар байни ҷавонон ба роҳ мемонад.
Дар кори форум муовини Раиси ВМКБ Гулдаста Орунбекова, Раиси шаҳри Хоруғ Муҳаббатшозода Арамбегим Бозор, муовини Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо ва муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Ҷумахонзода Зебо иштирок ва суханронӣ намуданд.

605606607

Иштирокчиёни чорабинӣ зимни суханронӣ зикр карданд, ки мақсад аз ташкили чунин форум ва конференсияҳо баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар байни ҷавонон, бедор намудани худшиносиву худогоҳӣ, робитаву ҳамкории ҷавонон ва зиёд намудани муҳаббату дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ дар миёни ин қишри ояндасози Ватан мебошад.
Ҷавонони фаъол низ дар навбати худ суханронӣ намуда, андешаҳои худро вобаста ба форуми мазкур иброз доштанд.
Абдулло Шоҳиён, Душанбе-Бадахшон.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика