Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳолатҳои азхуд намудани пулу моли ба тариқи қарз додашуда

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 60-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, 26-уми майи соли 2009, аз филиали ҶСП “Тоҷиромбонк” воқеъ дар шаҳри Кӯлоб барои рушди фаъолияти соҳибкориаш 105000-сомониро ба мӯҳлати 12-моҳ кредит гирифта, маблағҳои гирифтаашро ғайримақсаднок истифода бурда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамчунин, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ зани 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи зикргардидаро бо чунин ҷурм дастгир намуданд.
Тафтишот муайян намуд, ки номбурда моҳи декабри соли 2014, аз филиали бонки ҶСК «Агроинвестбонк»-и ноҳияи Мастчоҳ, барои рушди фаъолияти соҳибкориаш 250 000-рубли Федератсияи Россияро гирифта, маблағҳои гирифтаашро ғайримақсаднок истифода бурда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ба ҳамин монанд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 58-солаи сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун гумонбар дар азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Номбурда моҳи декабри соли 2014, аз филиали бонки ҶСК «Агроинвестбонк»-и ноҳияи мазкур барои рушди фаъолияти соҳибкориаш 25 000-сомониро гирифта, маблағҳои гирифтаашро ғайримақсаднок истифода бурда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбат ба ин далелҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика