Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи марговар дар ҳудуди ноҳияи Хуросон

5-уми июли соли 2018, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ашуров Давлатмурод Гулмуродович, соли таваллудаш 1965, сокини деҳаи Навзамини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Душанбе ба самти ш.Бохтар бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар ҳудуди н.Хуросон ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Назаров Маҳмадшариф Рустамович, соли таваллудаш 1991, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳиия мазкур, ки аз тарафи ш.Душанбе ба самти ш.Бохтар ҳаракат мекард, бармехӯрад. 

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ашуров Д.Г. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Мусофири дигари ҳамин автомашина Бердиева О., соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Навзамин ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мешавад.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика