Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани тақаллубкориҳо

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 62-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакиро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд. 

Номбурда, соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии марди 50-солаи сокини деҳаи Яккатути ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ 14000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шуд, ки номбурда, соли 2015 низ бо роҳи фиреб ба боварии марди 55-солаи сокини ноҳияи Айнӣ даромада, аз ӯ 15000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии пойтахт марди 55-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2014, марди 46-солаи сокини кӯчаи Мушфиқии пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 197600-сомонӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun2

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика