Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғарқшавии кӯдакон боиси нигаронӣ аст!

Чун имрӯзҳо фасли гармову мавсими таътили мактаббачагон аст, онҳо бештари вақти худро дар оила, назди наздикону пайвандон мегузаронанд. Аз ин лиҳоз, онҳо ба ҳама гуна нигоҳубин ниёз дошта, падару модар низ ҳаракатҳояшонро бояд назорат намоянд. 

Тобистон чун мавсими оббозӣ аст, кӯдакон аз беназоратии волидон истифода бурда, ба ҷӯю заҳбурҳо барои оббозӣ мешитобанд. Аммо, таассуфангез он аст, ки барои баъзеи онҳо ин тобистон охирин фасли ҳаёташон мешавад. Яъне, онҳо дар об ғарқ шуда ва ё ба ягон фалокати дигар дучор омада, бо ҳамин аз ҳаёти зебои бачагӣ маҳрум мегарданд.
Тайи рӯзҳои 4-5-уми июли соли 2018, 4 ҳолати ғарқшавии ноболиғон ба қайд гирифта шудаааст, ки ҷой доштани чунин ҳодисаҳо боиси нигаронӣ мебошад. Аз он ҷумла, рӯзи 4-уми июли соли 2018, тахминан соати 21:00-дақиқа, хурдсол, Абдураҳмонов Юсуфҷон Бурҳонович, соли таваллудаш 2016, сокини деҳаи Зарафшони ноҳияи Кӯшониён, аз беназорат мондани волидонаш, ба ҷӯйбори обгузари назди хонаашон афтида, ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.
Санаи 5-уми июли соли 2018, тахминан соати 11:35-дақиқа, хурдсол, Ҷилоева Суман Расуловна, соли таваллудаш 2015, сокини шаҳри Бохтар аз беназорат мондани волидонаш, ба ҷӯйбори обгузари назди хонаашон афтида, ғарқ шудааст.
Рӯзи 4-уми июли соли 2018, тахминан соати 15:30-дақиқа, хурдсол, Тангирова Арофат Шуҳратовна, соли таваллудаш 2015, сокини ноҳияи Қубодиён аз беназорат мондани волидонаш, ба ҷӯйбори обгузари назди хонаашон афтида, ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.
Санаи 5-уми июли соли 2018, тахминан соати 16:45-дақиқа, ноболиғ, Воҳидов Сиёвуш Баҳриддинович, соли таваллудаш 2010, сокини ш.Душанбе, дар осоишгоҳи кӯдаконаи касалиҳои сили “Қаратоғ”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав ҳангоми оббозӣ карданаш дар ҳавзи осоишгоҳи мазкур аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.
Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми волидон хоҳиш менамояд, ки дар чунин фасли зебои сол, ки мавсими гаштугузор ва фароғату истироҳати кӯдакону ноболиғон аст, фарзандони худро беназорат нагузоранд ва ҳар як ҳаракати онҳоро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun2

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика