Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳо ҷиҳати пешгирӣ намудани садамаҳои роҳу нақлиёт дар ВМКБ

189

Барои пешгирӣ намудани садамаҳои роҳу нақлиёт ва беҳтар ба роҳ мондани интизомнокии ҳаракат дар роҳ бо супориши роҳбарияти РВКД дар ВМКБ, мувофиқи нақша-чорабинии таҳиягардида, дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, рейдҳо дар самти нақлиёт гузаронида шуда истодаанд.
Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама пешгирӣ намудани садамаҳои роҳу нақлиёт, ба тартиби муайян даровардани интизомнокӣ дар самти нақлиёт дар қаламрави вилоят ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони ҷавон мебошад.
Ҳангоми гузаронидани чорабинӣ дар самти нақлиёт дар ҳудуди вилоят аз 19 июн то 4 июли соли равон 759 адад қойдавайронкуниҳои ҳаракати роҳ аз тарафи кормандони ШБДА-и вилоят ошкор карда шуда, 114 адад воситаҳои нақлиёт аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузаронида шудаанд.
Ғайр аз ин нисбати 190 нафар ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекарданд чораҳои ҷазои маъмурӣ, протоколҳои ҳуқуқвайрокуниҳои маъмурӣ татбиқ карда шуда, ба маблағи 10 ҳазору 950 сомонӣ ҷарима ситонида шуда, воситаҳои нақлиёташон дар ҷаримагоҳ маҳкам карда шуданд.
Ҳамзамон аз тарафи кормандони ШБДА РВКД дар ВМКБ бо теъдоди зиёди ронандагони ҷавон корҳои фамондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.

190

Минбаъд ҳам барои бартараф намудани чунин камбудиҳои ҷойдошта дар самти нақлиёт, рейдҳо аз тарафи кормандони ШБДА РВКД дар ВМКБ ва бахшу гурӯҳҳои он дар миқёси вилоят гузаронида мешаванд. Аз ронандагони ҳамагуна воситаҳои нақлиёт талаб карда мешавад, ки талаботҳои БДА-ро сари вақт риоя намуда, барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ, рақамҳои давлатии силсилаи нав ва дигар ҳуҷҷатҳои воситаи нақлиёт ба ШБДА РВКД дар ВМКБ муроҷиат намоянд.
Далер Чоршанбиев, капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun2

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика