Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавобгарии интизомӣ

Хабари дарҷ намудаи Ҷамшед Олимов аз 18-уми июни соли 2018 дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» таҳти унвони «Ба Вазорати корҳои дохилӣ ва 2212121 эътимод надорам», оид ба лату кӯби як марди номукаллаф аз ҷониби шахси номаълум ва дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни санҷиши хизматӣ муайян карда шуд, ки маълумоти мазкурро 16-уми июни соли 2018, соати 14:30-дақиқа, навбатдори оперативии қисми навбатдории ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе, капитани милитсия Одинаев М.С. қабул карда, ба ҷои сари вақт гурӯҳи фаврӣ-тафтишотиро ба ҷои ҳодиса равон кардан танҳо ваколатдори оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии шуъбаи мазкур, майори милитсия Ассоев М.И.-ро равон кардааст, ки номбурда сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир нашудааст.
Барои дағалона вайрон кардани оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилӣ ва Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкили хизмати басти навбатдории шабонарӯзӣ дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ваколатдори оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ, майори милитсия Ассоев М.И. ва навбатдори оперативии қисми навбатдории ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ, капитани милитсия Одинаев М.С. ҷазои интизомии «Танбеҳ» татбиқ карда шуд.
Мавриди қайд аст, ки телефони боварӣ 221-21-21 ва «Мадад-1919» ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд, ки арзу муроҷиати шаҳрвандон сари вақт ба қайд гирифта шуда, ҳаматарафа санҷида шаванд ва аз рӯи ҳар кадоми онҳо қарори қонунӣ қабул карда шавад.

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun2

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика