Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздӣ барои бозии компютерӣ

107

Ҷиноят кирдори зиддиҷамъиятӣ буда, баъзан аз беэҳтиётӣ ё дидаю дониста ҳадафмандона содир мегардад. Вале, мутаассифона баъзан ноболиғону ҷавонон ба хотири чандлаҳзаина дилхушӣ ҷиноят содир мекунанд, ки ҷои нигаронист.

108

Ҳафтаи сипаригардида, дар натиҷаи омӯзиш ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон оид ба дуздида шудани маблағҳои пулӣ, кормандони милитсия бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як нафар ноболиғро ҳамчун гумонбар дастгир намуданд.

Зимни пурсиш маълум гардид, ки гумонбаршаванда ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе, ба хотири ба даст овардани маблағи пулӣ пинҳонӣ вориди утоқи кории мураббиёни кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе шуда, аз он ҷо маблағҳои пулии гунонгунро рабудааст. 

109

Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки сабабгори асосии даст ба ҷинояти дуздӣ задани ин нафар ноболиғ, вобастагӣ ба бозиҳои компютерӣ будааст. Мавриди зикр аст, ки ҳарчанд кормандони милитсия аз зарари бозиҳои компютерӣ ба тафаккури ноболиғон пайваста ҳушдор дода, дар ин самт рейду санҷишҳои пешгирикунанда мегузаронанд, вале мутассифона ҳанӯз ҳам ҳастанд ноболиғоне, ки аз бепарвоии волидайни худ истифода бурда ба чунин марказҳои компютерӣ ворид шуда ба бозиҳои саргармкунанда машғул мешаванд, ки ин омил метавонад ноболиғро ба содир намудани ҷиноят водор созад. Далели гуфтаҳои боло гумонбари ин ҷиноят мебошад, ки ба хотири пардохти маблағи бозии компютерӣ ба дуздӣ машғул шудааст.

Чунончи номбурда дар чанд маврид аз утоқи мураббиёни кӯдакистонҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 700-сомониро рабудааст.
Вазорати корҳои дохилӣ аз волидайн хоҳиш менамояд, ки дар айёми таътили тобистона назоратро аз болои фарзандони худ пурзӯр намуда, нагузоранд то вақти пурқиммати худро сарфи корҳои беҳуда кунанд.
Шукуров Сироҷиддин




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика