Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Иди Ваҳдати миллӣ

139

Бахшида ба фарорасии ҷашни 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар РВКД дар вилояти Хатлон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Сулҳу ваҳдати тоҷикон - неъмати бебаҳо» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар, шоири шинохтаи Хатлонзамин Амиршои Хатлонӣ ва ҳайати шахсии Раёсати мазкур иштирок доштанд.

142140

Солеҳзода Искандар зимни баромад ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрик намуда, дар мавриди сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуд.
Аз ҷумла қайд кард, ки Ваҳдат - беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, ҳастии инсон аст ва маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хуррамӣ падидор аст.

141

Имрӯз, дар ҷомеаи мо фазои сулҳу ваҳдат ҳукмрон аст ва барои расидан ба қадри неъмати худододи оромиву осоиш бояд ҳар яки мо саҳмгузор бошем.
Инчунин дар доираи ин иди таърихӣ аз ҷониби шоир Амиршои Хатлонӣ шеърҳо дар васфи Ваҳдати миллӣ қироат карда шуд.
Муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Вализода Илҳомуддин низ ҳайати шахсиро бо ин ҷашни бошукуҳ табрик гуфта, зикр кард, ки сулҳу осоиштагӣ барои мардуми азияткашидаи тоҷик басо душвор ба даст омад. Ва ҳар яки мо бояд посдори номи неки миллати хеш, сарсупурдаи халқу диёр бошем.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика