Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешсудшуда боз ҷиноят содир кард

105

Такроран содир намудани ҷиноят аз ҷониби нафарони пешсудшуда, гувоҳи бадсириштиву ислоҳнашавандагии чунин афрод мебошад. 

Шаҳрванд Юсупов Маҷнун, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ки қаблан бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор маҳбасӣ гардидаву баъди адои ҷазо ба озодӣ баромадааст, ин навбат барои содир намудани ҷинояти дуздӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. Гарчанде номбурда баҳри пешбурди зиндагӣ соҳиби фаъолияти муайяне бошад ҳам, вале ҳамоно ба кирдорҳои ҷиноятӣ даст зада, ин навбат ба дуздии молу ашёи шаҳрвандон машғул гардидааст.

106

Чунончи санаи 14-уми июни соли равон аз манзили истиқоматии шаҳрванд Ғайратов Муҳаммад, соли таваллудаш 1986, воқеъ дар кӯчаи Маяковский, ки гумонбаршаванда дар он ҷо ба ҳайси усто кор мекард, дари хонаи мазкурро шикаста як қатор таҷҳизотҳои сохтмониро, ки дар маҷмӯъ 4200-сомониро ташкил медиҳанд бо роҳи пинҳонӣ тасарруф намудааст.
Акнун гумонбари ин ҷиноятро мебояд барои такроран содир намудани ҷиноят, ки ҷурми онро сангин мегардонад дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Ҳоло нисбаташ бо моддаи 244 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Шукуров Сироҷиддин




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика