Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои тасарруфи маблағ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 58-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ ҳамчун гумонбар дар тасарруфи пулу моли ба тариқи қарз додашуда дастгир карда шуд. 

Номбурда, рӯзи 12-уми марти соли 2008, дар асоси шартномаи қарзӣ аз филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Дӯстӣ барои кишту кори пахта 216000-сомонӣ ҳамчун кредит гирифта, ғайримақсаднок, яъне ба манфиати шахсиаш хароҷот намуда, маблағи зикршударо дар мӯҳлати пешбинишудаи шартномаи қарзӣ ба филиали мазкур пардохт накардааст.
Баъдан, номбурда, тахминан соли 2010 аз рӯи маслиҳати пешакӣ шиносномаи техникии манзили зисташро ба номи ҳамсараш расман ҳуҷҷатгузорӣ намуда, санаи 27-уми декабри соли 2010 ба сокини ноҳияи мазкур ба маблағи 12500-доллари амрикоӣ фурӯхта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсии худ хароҷот кардааст.
Нисбати, номбурда парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаҳои 246 қисми 2 ва 340 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика