Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси шаҳри Нанкин

244

Дар доираи сафари расмӣ намояндагони милитсияи шаҳри Душанбе ба қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин ташриф оварда, бо фаъолият ва машғулиятҳои амалии Дастаи мазкур шиносоӣ пайдо намуданд.
Нахуст ба ҳайати намояндагони милитсияи шаҳри Душанбе техникаҳои ҷангӣ ва аслиҳаву лавозимоти муосири ҳарбии Дастаи таъиноти махсуси Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин намоиш дода шуд. Зимни боздид аз ҷониби фармондеҳони алоҳидаи Дастаи таъиноти махсус оиди хусусиятҳои тактикӣ-техникии лавозимоти ҳарбӣ маълумот дода шуд. Тавре зикр гардид аксарияти лавозимотҳои ҷангӣ истеҳсоли ватанӣ, яъне Ҷумҳурии мардумии Чин буда, бо риояи талаботҳои байналмилалӣ дар намуди муосир сохта шудаааст.

245246

Илова бар ин дар ин мавзеъ техникаҳои автомобилӣ барои пешгирӣ ва барҳамзании сӯхтор мусоидаткунанда намоиш дода шуд, ки дар ҳолатҳои сар задани ҳодисаҳои сӯхтор ҷиҳати шикастани дарҳои оҳанин хизмат мекунанд.
Сипас барои ҳайати намояндагони милитсияи шаҳри Душанбе якчанд намуд машқҳои низомӣ, ки бо воситаи техникаҳои муосири низомӣ, аз қабили чархболу автомашинаҳои махсус омода карда шуда буд, намоиш дода шуд.
Тавре аз рафти машқҳои тактикии Дастаи таъиноти махсус мушоҳида гардид, тарзи баргузории он аз маҳорати баланди касбии кормандони даста шаҳодат медиҳад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика