Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Маркази идоракунии Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин

247

Дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳайати намояндагони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз Маркази идоракунии Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин дидан намуда, бо фаъолияти Марказ аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. 

Тавре иттилоъ дода шуд камераҳои мушоҳидавии Маркази идоракунии Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин тамоми ҳудуди шаҳр аз ҷумла, роҳҳои оҳан ва нақлиётгард, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, дохили нақбҳо, роҳҳои зеризаминӣ, марказҳои калонтарини савдо, бозорҳо, меҳмонхонаву мавзеъҳои сайёҳӣ, маконҳои таърихӣ, соҳили баҳрҳо, истгоҳи роҳи оҳан ва Фурудгоҳи байналмилалии шаҳрро пурра фаро гирифта, дар ҳолати сар задани ҳодисаҳои нохуш, сӯхтор, обхезӣ, ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва дигар падидаҳои халадоркунандаи тартиботу амният ба таври автоматӣ ҳатман ба Маркази идоракунӣ хабар дода мешавад.
Сипас аз нуқтаи наздиктарини Идораи бехатарии ҷамъиятӣ гуруҳи патрулӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир карда шуда, натиҷаи фаъолияти гуруҳ тариқи камераҳои мушоҳидавӣ пурра сабт карда мешавад. Илова бар ин иттилоъ дода шуд, ки ба ғайр аз камераҳои мушоҳидавии мазкур дар тамоми ҳудуди роҳҳои нақлиётгард суръатсанҷҳо насб карда шудаанд, ки дар ҳолати бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт ба таври автоматӣ ҷаримабандӣ карда мешавад.

248

Шаҳри Нанкин дар музофоти Тсзян Су қисмати шарқии Ҷумҳурии Мардумии Чин – соҳили уқёнуси Ором ҷойгир буда, дорои 10,6 млн аҳолӣ мебошад. Суръати максималии ҳаракати воситаи нақлиёт дар ҳудуди шаҳри Нанкин 60 км/с муайян карда шудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика